Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи раҳбари нави Миср моҳи май доир мешавад


Раёсати низомиён боиси эътирозҳо дар Миср шуд
Раёсати низомиён боиси эътирозҳо дар Миср шуд
Интихоботи раёсатҷумҳурии Миср охири моҳи май баргузор хоҳад шуд. Гуфта мешавад, тасмими Шӯрои олии низомии Миср дар ин бора ба хотири ором кардани онҳое гирифта шудааст, ки алайҳи қудрати низомиён дар Миср эътироз мекунанд.

Номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳури Миср барои баргузории маъракаи пешазинтихоботӣ шаш ҳафта вақт хоҳанд дошт. Созмони бонуфузи “Ихвон-ул-муслимин”, ки бештари курсиҳои парлумонро соҳиб шудааст, номзади худро барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешбарӣ нахоҳад кард.

Бар пояи қонуни соли гузашта қабулшуда, раисиҷумҳур ин мақомро фақат ду бор ба мӯҳлати чаҳорсолӣ метавонад ишғол кунад.

Ҳуснӣ Муборак, раҳбари пешини Миср, баҳори соли гузашта бар асари эътирозҳои густурда аз мақомаш истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG