Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия баъди бозгашт ба Тоҷикистон дар садади таъсиси Ҳизби ҷавонон шудааст.

Иззат Амон ба Радиои Озодӣ гуфт, асноди ин ташаккули нави сиёсӣ, аз ҷумла барнома ва оинномааш таҳия шуда, як гурӯҳи тадорукотӣ ҳам таъсис додаанд, ки феълан дар пайи ҷамъоварии имзои тарафдорон ва боқӣ асноди лозим барои сабти номи Ҳизби ҷавонон дар Вазорати адлияи Тоҷикистон мебошад.

Иззат Амон мегӯяд, овардани як нафаси тоза ба саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ва ҷалби бештари қишри ҷавон ба фаъолиятҳои сиёсӣ, аз аҳдофи умдаи ҳизби онҳо хоҳад буд. Беш аз нисфи ҷамъияти Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, вале дар ҳукумати ин кишвар ба истиснои 1 ё 2 нафар ягон вазири ҳатто то 40-сола нест.

Иззат Амон ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин ҳол як навъ натиҷаи кам дидани нирӯи ҷавонони тоҷик аст, вале ҳизби нави ҷавонон метавонад байни қишри ҷавон ва ҳукумат ба ҳайси як миёнарав хидмат кунад ва хостҳои ин қишрро ба гӯши мақомот бирасонад.




Ӯ мегӯяд, аҳзоби мавҷуда, ки маъмулан танҳо дар остонаи интихоботҳо “зинда” мешаванд, ба назар ва хостҳои ҷавонон таваҷҷӯҳи чандон нишон намедиҳанд ва ҷавонон ҳам ба навбаи худ, алоқаи чандоне барои пайвастан ба ин аҳзоб надоранд.

Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 8 ҳизби сиёсӣ расман фаъолият мекунанд. Аксарияти курсиҳои парлумон дар дасти ҳизби ҳокими халқӣ-демократии президент Эмомалӣ Раҳмон буда, 4 ҳизби дигар дар Маҷлиси намояндагонӣ дукурсигӣ доранд.

Иззат Амон соли 1973 таваллуд шуда, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. То тирамоҳи соли гузашта дар Маскав ба сар мебурд ва раҳбари Созмони ҷавонони тоҷик дар Русия буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG