Пайвандҳои дастрасӣ

Ин шаҳрванди ӯзбактабори Тоҷикистон, ки ба шаҳрванди вилояти Самарқанд шавҳар кардааст, мегӯяд, масъули шӯъбаи гузарнома ё ОВИР-и вазорати корҳои дохилии ин кишвар гуфтааст, ки барои худи ӯ бидуни мушкил иҷоза хоҳанд дод, аммо барои фарзандаш на. Ба қавли Муноҷот, аз ӯ тақозо кардаанд, ки то шиносномаи муваққатии Ӯзбакистонро ба даст наорад, наметавонад фарзандашро бо худ барад: «Ахир гиря кардам. Гуфт, ки рӯймолчаатро гиру чашмонатро пок кун ва пеши ман гиря накун. Ҳар вақт ки ҳуҷҷатҳоятро омода карда, паспорти Ӯзбакистонро гирӣ, ду- се моҳ раводид медиҳам, агар не, 15 рӯз раводид медиҳаму депортатсия мекунам. Бас аст меҳмондорӣ. Меҳмондорӣ ҳамин қадар мешавад.»

Хонум Ҷалолова мегӯяд, ҳамчунин ӯро таҳқир карда гуфтаанд, ки агар духтари хуб мебудӣ, волидайнат туро ба Ӯзбакистон ба шавҳар намедоданд.

Муноҷот якуним сол ба ин сӯ дар Самарқанд ба сар мебарад ва соҳиби як тифл шудааст. Тифли ӯ табааи Ӯзбакистон аст ва барои ӯро бо худ гирифтани модараш, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст, бояд иҷозаи расмии мақомот вуҷуд дошта бошад. Аммо Муноҷот мегӯяд, ҳамчунин ҳуҷҷатро низ ба ӯ намедиҳанд ва ба он далел, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Муноҷот шиносномаи хориҷии тоҷикӣ дорад, ки мӯҳлаташ то соли 2015 аст. Ӯ борҳо кӯшидааст, ки иҷозаи зисти муваққатӣ дар Ӯзбакистонро ба даст орад, аммо масъулон ба ӯ гуфтаанд, то мӯҳлати шиноснома тамом нашавад, ин ҳақро надорад.

Ҳукумати Ӯзбакистон аз соли 1994 ба ин сӯ, қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба шаҳрвандии ин кишварро манъ кардааст. Коршиносон мегӯянд, мушкили аслии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар ба сар мебаранд, маҳз ҳамин аст, яъне агар иҷозаи зисти муваққатиро ба даст оранд, аз шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум мешаванд ва ҳам мақоми бетабаагӣ хоҳанд буд.

Ҳазрат Сабоҳӣ, коршиноси тоҷик, ки низ гоҳ-гоҳ ба Ӯзбакистон ба дидори хешовандонаш меравад, мегӯяд, шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар бо ду шиноснома - яке дохилӣ, ба мӯҳлати 5 сол ва дигаре хориҷӣ, ба мӯҳлати 2 сол метавонанд ба сар баранд. Вай афзуд:«Касе ин ду шиносномаро дорад, бидуни мушкил, мисли тамом шаҳрвандони Ӯзбакистон софу содда зиндагӣ мекунад. Магар ин, ки мардҳо наметавонанд дар артиш хизмат кунанд ва дигарон дар интихобот раъй диҳанд, ё интихоб шаванд.»

Аммо Муноҷот мегӯяд, хавф дорад, ки агар ҳуқуқи зисти муваққатро ба даст орад, дигар наметавонад ба Тоҷикистон ба дидори падару модар равад. Аз ин хотир, ӯ ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон маротибаи панҷум аст, ки раводид мегирад, то зиндагӣ бо оилаашро идома диҳад.

Насиба Ҷалолова, модари Муноҷот мегӯяд, ин мушкил хонаводаи ӯро ба ташвиш овардааст. Вай афзуд, мехоҳад набераашро бинад, аммо ин расмиятҳо монеаи ӯ шудаанд: «Аз вазорати корҳои дохилӣ гуфтаанд, коғаз биёр, ки ту таҳти пайгарди суд қарор надорӣ. Аз раиси маҳалла хислатнома биёр гуфтаанд, ки ту чӣ гуна духтар будӣ. Хислатнома додам, аз загсхона коғаз бурдам, аз вазорати корҳои дохила мактуб карда додам, ки вай ҷинояткор нест. Шавҳараш ҳам хеши худамон аст. Ҳамаашро фиристодам, аммо боз раводид нест. Дар Ӯзбакистон коре карда истодаанд, ки ду ҷавонро ҷудо кунанд.»

Раводид миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон аз соли 2000 ба ин сӯ ҷорӣ шудааст ва Муноҷот танҳо нафаре нест, ки аз ин вазъ азият мекашад. Ба қавли ӯ, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла теъдоди назарраси духтароне, ки ба ин кишвар шавҳар кардаанд, ба мушкили ӯ дучор омадаанд.

Коршиносон мегӯянд, дар ҳоле, ки шаҳрвандони Узбакистон бидуни мушкилӣ ба ватанашон равуо доранд, баҳонаҷӯиҳо ва муқаррароти вижа барои шаҳрвандони Тоҷикистонии муқими Узбакистон аз муносибати сарди ду ҳамсоякишвар маншаъ мегирад, ки ҳатто дар ҳаёти оилавии мардуми оддӣ низ бетаъсир намондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG