Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро варзишгарони тоҷик фахри давлатҳои дигаранд?


Вакилони Маҷлиси намояндагон эътироф карданд, ки варзиш дар кишвар ба ҳимояти давлат эҳтиёҷ дорад.

Ба гуфтаи вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба маҳзи таъмин набудани шароит, бархе аз варзишгарони боистеъдод кишварро тарк карда, дар саҳнаҳои байналмилалӣ шарафи давлатҳои дигарро ҳимоят мекунанд. Ҳамчунин вакилон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки барои тамрин ва машқи тимҳои миллӣ толорҳои варзишии вобаста ба давлат маблағ талаб мекунанд, дар ҳоле, ки давлат бархе аз анвои варзишро аслан сармоягузорӣ намекунад. Аз 53 федерасиюни варзишии Тоҷикистон, танҳо 5-тои он соҳиби утоқ, толори машқ ва дафтар аст. Боқии онҳо дар толорҳои гуногун ва аз тариқи иҷора фаъолият мекунанд.

Раиси Кумитаи ҷавонон, ҷаҳонгардӣ ва варзиши Тоҷикистон Маликшо Неъматов, дар Маҷлиси намояндагон бо зикри бархе дигар аз мушкилиҳои арсаи варзиш ин паёмро расонд, ки бо вуҷуди мушкилиҳо варзишкорони тоҷик барои ширкат дар бозиҳои тобистонаи олимпии соли ҷорӣ дар Лондон 7 роҳхат дарёфт кардаанд.

Маликшоҳ Неъматов
Маликшоҳ Неъматов
Вай гуфт давлат аз ҳисоби бюҷет барои соҳаи варзиши ҳирфаӣ дар соли 2012 севуним миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Аммо барои рушди бештари ин соҳа баъзе имтиёзҳо заруранд: «Имрӯз вақте як толори варзишӣ сохта мешавад, ҳамон қадар андоз месупорӣ, баробари ресторан ва дигар марказҳои тиҷоратӣ ва фикр мекунам, варзиш, ки ба солимии ҷомеа машғул аст ва фарзондони моро аз ҳар гуна тамоюли номатлуб эмин медорад зарур аст, ки ба он имтиёзҳо дода шавад.»

Раиси Кумитаи ҷавонон, ҷаҳонгардӣ ва варзиши Тоҷикистон таъкид кард, ки давлат ва масъулони арсаи варзиш тамоми имконоти мавҷударо дар ихтиёри варзишгарон гузоштаанд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ, вакили МН аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раиси Федерасиюни гандболи ин кишвар аз он изҳори нигаронӣ кард масъулони толорҳои варзиш, ки аз ҳисоби маблағи давлат бунёд шудаанд барои машқу тамрини дастаҳои миллӣ пул талаб мекунанд.

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ
Вай гуфт, ки ҳарчанд тими миллии гандбол аз сӯи давлат сармоягузорӣ намешавад, он бо истифода аз имконоти хусусӣ дар чанде аз мусобиқаҳои байналмилаӣ ширкат кардааст: «Федератсияи гандбол аз бюҷети давлат ягон тин намегирад ва ҳама аз ҳисоби имкониятҳои хусусӣ аст. Мисоли дигар ин аст, ки тими миллии Афғонистон ба Душанбе омада, бо тими миллии Тоҷикитсон бозии рафиқона баргузор кард ва мо ғалаба кардем. Раҳбарияти толор фақат барои баланд кардани байрақ ва пахши Суруди миллӣ, аз мо пул гирифтанд.»

Ба навбати худ Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мавридҳои тарки кишвар кардани варзишкорони тоҷикро ташвишовар хонда, аз масъули соҳаи варзиш ҷилавгирии ин ҳолатҳоро тақозо кард: «Бисёр варзишгарони мо ба Маскав ва дигар давлатҳо рафта аз номи он давлатҳо баромад карда,
қаҳрамон шуда истодаанд, ки ин ҳам аз кори хуби мо дарак намедиҳад. Кӯшиш кардан даркор, ки варзишгарони тоҷик дар ҳамин ҷо, аз номи Тоҷикистон қаҳрамон шавад. Чи қадар хароҷоте, ки дар ин роҳ аз ҷониби давлат ва миллат масраф мешавад, пӯшонда мешавад.»

Ва аммо Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, ҷаҳонгардӣ ва варзиши Тоҷикистон гуфт, танҳо барои тамрини Расул Боқиев, гӯштигири шинохтаи тоҷик ҷиҳати ширкат дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ дар соли 2011, ширкати "Талко" 100 000 доллар сармоягузорӣ кардааст. Ҳамин манбаъ афзуд, ки дар соли гузашта дар Тоҷикистон 1025 майдон, 27 толори бузурги варзишӣ ва ду ҳавзи муосири шиноварӣ боз шудаанд.
XS
SM
MD
LG