Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Берлусконӣ 5 соли зиндон таҳдид мекунад


октябри соли 2011
октябри соли 2011
Додситонҳои итолиёӣ аз додгоҳ хостанд, ки нахуствазири собиқи кишвар Силвио Берлусконӣ барои фасоду ришват ба панҷ соли зиндон маҳкум шавад. Додситон Фабио Де Паскуале рӯзи чоршанбе дар додгоҳи Милан гуфт, ки Берлусконӣ дар он гунаҳгор аст, ки ба як вакили дифои бритониёӣ барои додани баёноти дурӯғин дар дигар додгоҳи марбут ба ширкатҳои матбуотии Берлусконӣ 600 ҳазор доллар пора додааст. Додгоҳ бояд то миёнаҳои июл ҳукми худро содир кунад, то ки мӯҳлати айбнома хотима наёбад. Ин танҳо яке аз ҷанҷолҳои додгоҳии Силвио Берлусконӣ аст, ки моҳи ноябри порсол маҷбур шуд аз вазифаи нахуствазирии Итолиё канор равад.
XS
SM
MD
LG