Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Афғонистон ба наттоқу барандаҳои телевизионҳои маҳаллӣ дастур доданд, ки дигар дар навори телевизион бидуни рӯсарӣ ва бо рангу бори зиёд ҳозир нашаванд.

Вазорати иттилоот ва фарҳанг мегӯяд, ки номаҳои зиёди шикоятӣ дарёфт кардааст, ки дар он риоя нашудани муқаррароти исломӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ аз ҷониби кормандони телевизион таъкид мешавад.

Наттоқи телевизиони афғон аз ин ба баъд ҳаққу рангубори беш аз ҳадди сару рӯ ва бо сари бараҳна зоҳир шудан дар пардаи телевизионро надорад. Баъд аз суқути режими Толибон дар Афғонистон беш аз 20 шабакаи мухталифи телевизионӣ зуҳур кард, ки бархе масоили хабарии кишварро пӯшиш медиҳанд, вале аксар шабакаҳои тафреҳианд.

Албатта, дар ин телевизионҳо ҳадди аксари табуҳои маъмул барои ҷомиаи муҳофизакори афғонӣ муроот мешавад, вале ба гуфтаи мақомот, наттоқоне ҳам ҳастанд, ба вижа аз миёни гӯяндагони зан, ки гоҳо бо рангубори, ба гуфтаи вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон Саид Махдуми Раҳин, “ғализ” аз марзи мумкин берун пой мегузоранд.

Саид Маҳдум Раҳин, вазири фарҳанги Афғонистон

Саид Маҳдум Раҳин, вазири фарҳанги Афғонистон

Оқои Раҳин ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин замина ба онҳо шикояти зиёде расидааст. Ӯ афзуд, рангубор ва либоси гӯяндаи як шабакаи хабарӣ бояд фарқ кунад ва ҷавобгӯи хостҳои ҷомиа бошад: “Аз тарафи дигар, доштани як рӯсарӣ ва сарро бараҳна надоштан чизест, ки мавриди таъйиди хонаводаҳо ва мутаносиб ба рӯҳи фарҳанги миллӣ ва суннатҳои исломист.”

Саид Махдуми Раҳин гуфт, шикоёт танҳо аз чанд телевизион буд, вале вазорати фарҳанг ва иттилоот ин шикоётро “қобили фаҳм” дарёфта ба тамоми расонаҳои тасвирӣ дастур дод, ки рӯи рангубор, либос ва рӯсарии гӯяндагони худ мулоҳиза кунанд: “Мо кӯшиш мекунем, то масоил аз роҳи тафоҳум ҳалл шавад, на инки фавран даст ба муҷозот барем. Аммо агар телевизионе тахаллуф бикунад, кумиссиюни тахаллуфот дар борааш тасмим хоҳад гирифт.”

Дар маҳофили хабарнигории Афғонистон мегӯянд, ин амри мақомот ба нақзи ҳуқуқи занон роҳи бештар мекушояд ва шояд гоме ба истиқболи музокироти сулҳ бо Толибон аст, ки ҳузури занонро дар радиову телевизионҳо аслан қабул надоранд. Аммо Саид Махдуми Раҳин ин иддаоро рад кард ва гуфт, “бало ба паси Толибон, ки аз ин иқдоми вазорат хуш мешаванд ё не.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG