Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон гуфтааст, ки муваққатан ба НАТО иҷозат медиҳад, то барои икмолоти нерӯҳояш дар Афғонистон, аз хоки ин кишвар истифода кунад.

Ин иқдом нишондиҳандаи коҳиши танишҳои ба вуҷуд омада миёни Покистон ва НАТО мебошад.

Ба дунболи кушта шудани 24 сарбози покистонӣ тавассути нерӯҳои ҳавоии НАТО дар чанд моҳи қабл, Исломобод роҳи интиқоли мавод барои нерӯҳои НАТО-ро баста буд. Ин амр сабаб шуд то эътилофи байналмилилӣ барои фиристодани маводи хӯрока ва сӯзишворӣ барои нерӯҳояш дар Афғонистон, аз роҳҳои дигар истифода бикунад.

Аҳмад Мухтор, вазири дифои Покистон рӯзи сешанбе гуфт, ки ҳукумати кишвараш барои як муддати муайян ба НАТО иҷозат медиҳад то маводи хӯрока ва сӯзишвориро, ки қаблан ба Покистон расида буд, барои нерӯҳояш ба Афғонистон интиқол диҳад. Ҳамзамон вай аз нерӯҳои байналмилалӣ хостааст, ки дигар аз роҳи Покистон маводи мавриди ниёзи худро нафиристанд.

Аҳмад Мухтор дар бораи ин, ки ҳукумати Покистон чӣ замоне чунин тасмим гирифт, чизе нагуфтааст. Як мақоми покистонӣ, ки нахостааст номаш ифшо шавад, гуфтааст, ки НАТО ин маводро бояд аз тариқи ҳаво ба Афғонистон интиқол диҳанд.

Қарор аст парлумони Покистон ҳафтаи оянда тарҳи стратегияи ҳамкории ин кишвар бо Амрикоро баррасӣ намояд. Бо қабул шудани ин лоиҳа, замина барои кушодани дубораи роҳ барои икмолоти нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ҳамвортар хоҳад шуд.

Дар гузашта мақомоти баландпояи покистонӣ гуфта буданд, ки дар сурате Покистон имконоти онро дорад, ки аз Ғарб имтиёзоти молии ҳангуфт ба даст оварад, бояд ин кишвар роҳи интиқоли маводи хӯрока ва сӯзишвориро ба рӯи нерӯҳои байналмилалии мустақар дар Афғонистон боз нигаҳ дорад.

НАВОР АЗ БОЙГОНӢ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG