Пайвандҳои дастрасӣ

Таъини доварони бозии дастаҳои Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ


Федеросиюни байналмилалии футбол (ФИФА) гурӯҳи доварони бозии интихобии Ҷоми ҷахон-2014-ро бо ширкати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ таъйин кард. Муҳаммад Банҷар Ал-Довсарии 30-сола аз кишвари Қатар сардовар таъйин шудааст. Ёварони ӯ Аҳмад Ёсир Мурод ва Фарас Ал-Шамморӣ (ҳарду аз Кувайт), довари эҳтиётӣ Муҳаммад Хамис Ал-Куварӣ (Қатар), нозири доварон Алӣ Аҳмад Ал-Траифӣ (Арабистони Саудӣ) ва комиссари бозӣ Ҷаясуриё Де Силва (Шри-Ланка) мебошанд. Бозии охирини сабқати гурӯҳи “С” миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ 29-уми феврал дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG