Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯсарӣ барои занон дар TV-ҳои Афғонистон ҳатмӣ шуд


наттоқи афғон Шайма Ризоӣ, соли 2005

наттоқи афғон Шайма Ризоӣ, соли 2005

Мақомоти Афғонистон ба наттоқу барандаҳои телевизионҳои маҳаллӣ дастур доданд, ки дигар дар навори телевизион бидуни рӯсарӣ ва бо рангу бори зиёд ҳозир нашаванд. Дар номае, ки дар матбуот пахш шудааст, вазорати иттилоот ва фарҳанг мегӯяд, ки номаҳои зиёди шикоятӣ дарёфт кардааст, ки дар он риоя нашудани муқаррароти исломӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ аз ҷониби кормандони телевизион таъкид мешавад. Баъди саркӯб шудани режими Толибон дар поёни соли 2001 беш аз бист шабакаи мухталифи телевизионӣ дар бозори матбуоти Афғонистон арзи ҳастӣ кард. Занҳо зоҳиран аз имконият ва ҳуқуқи бештар барои таҳсилу кор, раъйдиҳӣ ва фаъолиятҳои ҷамъиятӣ бархурдор шуданд. Вале таҳлилгарон мегӯянд, ки ояндаи онҳо дар пасманзари шурӯи музокираҳо бо Толибон норӯшан боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG