Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Обама ва муовини раиси ҷумҳурии Чин


Президенти Амрико Барак Обама дар мулоқот бо муовини раиси ҷумҳурии Чин Си Ҷинпин гуфт, ки ин кишвар бояд қоидаҳои бозӣ дар иқтисоди ҷаҳониро риоя кунад ва ҳамчунин нигарониҳои Вашингтонро аз поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Чин баён кард. Баъди мулоқоти Обамаву Ҷинпин дар Кохи Сафед, муовини раиси ҷумҳурии Амрико Ҷозеф Байден гуфт, ки мавзӯи ҳимоят аз ҳуқуқи башар бахши бунёдии сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар Чин хоҳад монд. Байден гуфт, ки Вашингтон дар робита бо вето шудани қатъномаи СММ дар масъалаи Сурия аз ҷониби Чин “шадидан мухолиф” аст.
XS
SM
MD
LG