Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исроил Эронро масъули бомбгузориҳои Бангкок, Деҳлӣ ва Тифлис номид


Сафири Исроил дар Тайланд тахмин зад, ки дар паси бомбгузориҳои Бангкок метавонанд ҳамлагарони эронӣ қарор дошта бошанд, ки чун узви шабакаи муштарак ҳафтаи гузашта дипломатҳои исроилиро дар Ҳинду Гурҷистон ҳадаф қарор доданд. Дар нақли қавл аз сафир Исҳоқ Шоҳам гуфта шуд, ки бомбаҳои аз ҷониби мақомоти тайландӣ дар Бангкок ошкоршуда бо бомбаҳои дар Тифлису Деҳлӣ пайдошуда ҳамҷинс будаанд. Эрон иттиҳомоти Исроилро дар бораи он ки гӯё ҳукумати Эрон ва муттафиқони лубонии онҳо масъули ин нақшаҳои бомбгузорӣ ҳастанд, рад кардааст. Полиси Тайланд гуфт, ки рӯзи сешанбе дар пойтахт ду шаҳрванди Эрон бо иттиҳоми даст доштан дар ин амалиёт боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG