Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лӯлаи нафт дар Ҳумс хароб шуд


Дар шароити идомаёбии амалиёти артиши Сурия зидди мухолифони режими Башор Асад, дар шаҳри Ҳумс бар асари таркише лӯлаи нафт хароб шуд. Ҳанӯз маълум нест, ки сабаби таркиши рӯзи чоршанбе чӣ будааст. Дуди ғализе дар маҳалли таркиш аз атрофҳои дур ба чашм мерасад. Дар давоми 11 моҳи охири ошӯбҳо борҳо талошҳое барои хароб кардани ин лӯлаи муҳим карда шуд. Имрӯз 13 рӯзи амалиёти густардаи нирӯҳои ҳукуматӣ зидди шӯришиёни Ҳумс аст, ки ба қавли мухолифон, то имрӯз садҳо нафарро кушта бар ҷой гузошт.
XS
SM
MD
LG