Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Николай Ноев, паҳлавони Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод “Дан Колов – Никола Петров – 2012” дар Булғористон барандаи медали биринҷӣ гардид.

Абдурозиқ Олимов, мураббии калони дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, Николай Ноев дар ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ, ки дар пойтахти Булғористон – шаҳри София баргузор шуд, дар рақобатҳо дар вазни то 60 килограмм мақоми севумро касб кард.

Дар ин вазн намояндаи мизбонон Анатолий Гуйдя ғолиб шуд. Гуштигири дигари Булғористон Владимир Дубов бо медали нуқра сарфароз гашт.

Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ:
55 кг. Владислав Петров (Русия). 60 кг. 1. Анатолий Гуйдя (Булғористон). 2. Владимир Дубов (Булғористон). 3. Николай Ноев (Тоҷикистон) ва Ҷон Пинеда (Канада). 66 кг. Георг Букур (Руминия). 74 кг. Мурод Ҳайдаров (Беларус). 84 кг. Михаил Ганев (Булғористон). 96 кг. Сосо Хабидзе (Гурҷистон). 120 кг. Димитар Кумчев (Булғористон).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG