Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак: Таркишҳо баёнгари истифодаи террор аз сӯи Эрон аст


Эҳуд Барак
Эҳуд Барак
Эҳуд Барак, вазири дифои Исроил, таркишҳо дар Таиландро боз як намунаи истифода шудани террор аз сӯи Эрон ва ҳампаймонҳояш номид.

Бар асари силсилаи инфиҷорҳо дар шаҳри Бангкок, пойтахти Таиланд, панҷ нафар ҷароҳат бардоштанд. Миёни онҳо марде низ ҳаст, ки мехост сӯи кормандони полис норинҷак андозад. Бар асари таркиш ӯ аз ду пой маҳрум шуд. Бар пояи иттилои муқаддамотӣ, шахси ҳамлагар зодаи Эрон аст. Аз ин пеш дар манзиле, ки ин мард ҳамроҳ бо чанд эронии дигар иҷора гирифта буд, таркиш ба вуқӯъ пайваст.

Дирӯз Исроил Теҳронро масъули ҳамлаҳо ба кормандони сафоратҳои Исроил дар Деҳлӣ ва Тифлис хонда буд.

Мақомоти Эрон ҳама гуна иртиботашон ба ин ҳамлаҳоро рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG