Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чин ба "муколамаи созанда" оид ба ҳуқуқи башар омода аст


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА ва Си Тзинпин, муовини раиси Ҷумҳурии халқии Чин, дар Вошингтон ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодии миёни ду кишвар ва масоили муҳими байнулмилалӣ, аз ҷумла, авзоъ дар Сурия ва барномаҳои ҳастаии Эрону Кореяи Шимолиро баррасӣ карданд.

Обама рушди равобит миёни Амрикову Чинро барои иқтисоди ҷаҳон басо муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ ҳамчунин ба зарурати арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башар дар Чин ишора кард ва гуфт, "мо аз рӯи масъалаҳои умдае чун ҳуқуқи башар таъкид ба муҳим будани арҷгузорӣ ба умеду орзу ва ҳуқуқҳои ҳамаи одамонро идома медиҳем".

Си Тзинпин гуфт, ки Пекин ба "муколамаи созанда" оид ба вазъи ҳуқуқи башар бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст. Ӯ афзуд, ки тайи соли ахир Чин дар дифоъ аз ҳуқуқи башар ба комёбиҳои бузург соҳиб шудааст.

Мавзӯъи арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башар дар мулоқоти муовни раҳбари Чин бо муовини раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден ҳам баррасӣ гардид.

Си Тзинпин аз довталабони аслии курсии раиси Ҷумҳури Чин аст ва ҳадс зада мешавад, ки соли оянда ин курсиро ишғол хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG