Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Баҳрайн эътирозгаронро пароканда кард


Полиси Баҳрайн аз талоши баргузории намоиши оммавии эътирозӣ дар солгарди тазоҳуроти пурқурбонии як соли пеш ҷилавгирӣ кард.

Дар пойтахт шаҳри Манома ва дигар мавзеъҳо кормандони полис ба хотири парокандасозии мухолифини ҳукумат аз гази ашковар истифода бурданд. Дар натиҷа эътирозгарон натавонистанд дар майдони марказии пойтахт гирди ҳам биёянд. Дар ин ҳодиса чанд нафар ҷароҳат бардоштааст.

Ба пойтахт зиреҳпӯшҳо ворид карда шудаанд. Ҳама роҳҳое, ки аз маҳаллаҳои шианишин сӯи Манома мебаранд, бастаанд. Дар тазоҳуроти як соли пеш дар Баҳрайн асосан шиаҳои норозӣ аз ҳукмронии сулолаи сунниҳо ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG