Пайвандҳои дастрасӣ

Ёрии Амрико ба Осиёи Марказӣ -- камтар ва нишонрастар


Раисиҷумҳури Амрико Амрико Барак Обама ҳангоми баррасии тарҳи будҷаи соли ояндаи Амрико.

Раисиҷумҳури Амрико Амрико Барак Обама ҳангоми баррасии тарҳи будҷаи соли ояндаи Амрико.

Раисиҷумҳури Амрико Амрико Барак Обама тарҳи будҷаи соли ояндаро ба Конгресс пешниҳод кард.

Харҷи будҷаи соли 2013-и Амрико 3,8 триллион доллар буда, коҳиши масрафоти давлатиро дар назар дорад. Будҷаи USAID –Ожонси рушди байналмилалии Амрико – 1,6 дарсад афзуда, ба 51 миллиард доллар мерасад. Вале кӯмакҳои Иёлоти Муттаҳида ба Аврупо ва Авруосиё 18 дарсад камтар мешавад ва Вазорати умури хориҷии Амрико ин коҳишро ба муваффақияти демократия ва иқтисоди озод дар чанд кишвар бастагӣ медиҳад. Аммо ҳамзамон мегӯяд, поин рафтани кӯмак бозтоби додуситад ва мудороҳои мушкиле будааст.

Бидуни зикри ҷузъиёт, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама гуфт, бархе аз сарфаҷӯиҳо бемушкил нестанд: "Ман баъзе коҳишҳои мушкилро пешниҳод кардам, ки дар ҳолати оддӣ ва бе зарурати мутлақ намекардам. Ҳақиқат ин аст, ки мо бояд тасмимҳои сахте гирем, то кишварро ба масири қавитари молӣ баргардонем.”

Бино бар тарҳи пешниҳодӣ, бештарин кӯмаки башарии Амрико, 54 миллион доллар, насиби Украина мешавад. Аммо ин назар ба соли гузашта 25 миллион доллар камтар аст. Ба қавли Вазорати умури хориҷии Амрико, ин маблағ қарор аст, ислоҳоти вопасгарои демократии Украинаро ҷони нав дамад. Гурҷистон 43 миллион доллар кӯмаки ғайриҳарбӣ мегирад, ки низ аз соли 2012 25 миллиион доллар камтар аст. Дар ҷои савум Косово қарор дорад, ки бояд 36 миллиону 200 ҳазор доллар бигирад.

Дар ҳамин ҳол ба Узбакистон якуним миллион доллар кӯмаки ҳарбӣ мешавад, ки назар ба соли гузашта 50 дарсад бештар аст. Гуфта мешавад ин дар ивази ҳимояти Тошканд аз талошҳои Иёлоти Муттаҳида дар ҳифзи роҳҳои икмолотӣ ба Афғонистон аст. Вале айни ҳамин миқдор кӯмаки молӣ барои Тоҷикистону Қирғизистон низ пешбинӣ шудааст.

Барои Қазоқистон 1 миллион 800 ҳазор ва Туркманистон 685 000 доллар ёрӣ дода хоҳад шуд. Дар бахши омӯзониш ва тамрини ҳарбӣ барои Тоҷикистон 540, Узбакистон 300, Туркманистон 350 ҳазор долларӣ таъин шуда бошад, Қирғизистон 1 миллион доллар хоҳад гирифт. Аммо Тоҷикистон дар бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар – зиёда аз 7 миллион ва ба ҳайси ёрии иқтисодӣ 19 миллиону 125 000 доллар кӯмак хоҳад гирифт. Чунин кӯмак барои Узбакистон дар тарҳи будҷаи соли ояндаи Амрико 5,5 миллион доллар муқаррар шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG