Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозгарон роҳи Ӯш-Бодкандро бастанд


Ойбек Эшбоев

Ойбек Эшбоев

Ҳудуди 200 эътирозгар имрӯз дар ҷануби Қирғизистон шоҳроҳи Ӯш-Бодкандро бастанд. Онҳо таҳқиқи қазияи ҳалокати як афсари пулис дар боздоштро талаб мекунанд. Ойбек Эшбоеви 46-сола аз сӯи Кумитаи амнияти миллӣ бо иттиҳоми ришвахоҳӣ боздошт шуда буд. Ҷасади ба дор овехтаи ӯро дар маҳбас рӯзи душанбе пайдо карданд. Пайвандони Эшбоев ба худкушии ӯ бовар надоранд ва таҳқиқи мӯшикофонаи қазияро мехоҳанд.
XS
SM
MD
LG