Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исломобод ба НАТО муваққатан иҷозаи транзит дод


Вазири дифоъи Покистон таъйид кард, ки ҳукумати ин кишвар ба сурати муваққат ба НАТО ҳамлу нақли ғизо барои нирӯҳояш дар Афғонистонро иҷозат додааст. Аҳмад Мухтор гуфт, ин иҷозат ба НАТО барои муддати маҳдуд ва танҳо барои интиқоли маводде, ки зуд вайрон мешавад, дода шудааст. Исломобод дар моҳи ноябр дар посух ба ҳамлаҳои ҳавоии Амрико, ки мунҷар ба ҳалокати 24 сарбози Покистон шуд, ҳамлу нақли колоҳо барои нирӯҳои эътилофро манъ карда буд.
XS
SM
MD
LG