Пайвандҳои дастрасӣ

Венедиктов: Ҳадаф назорат бар пӯшиши интихобот аст


Сардабири “Эхо Москви” гуфт, ҳадаф аз тағйири ҳайъати мудирони ин радиои маъруфи озодандеши Русия назорати шеваи пӯшиши интихоботи 4 март дар ин радиост. Алексей Венедиктов гуфт, иқдоми “Газпром-Медиа” – шохаи матбуотии “Газпром, ки 66 фоизи саҳмияҳои “Эхо Москви”-ро дар даст дорад, касби назорат бар пӯшиши интихоботест, ки дар он сарвазир Владимир Путин мехоҳад ба даври севуми раёсат даст биёбад. Моҳе пеш Путин “Эхо Москви” ва Венедиктовро ба он айбдор кард, ки бо танқиди “шаборӯзӣ”-и ӯ аз манофеъи хориҷӣ ҳимоят мекунанд. Номзади миллиардер ба мақоми президентии Русия Михаил Прохоров гуфт, барои ҳифзи мустақилияти “Эхо Москви” омода ҳаст, саҳмияҳояшро аз “Газпром-Медиа” бихарад.
XS
SM
MD
LG