Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

БҶ мӯҳлати ташхиси "Роғун"-ро таъин накард


Теодор Аллерс (аз тарафи рост)

Теодор Аллерс (аз тарафи рост)

Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ташхиси фаннию иқтисодӣ ва зистмуҳитии Роғунро низ баррасӣ кардааст.

Аммо Теодор Аллерс, директори амалиёт ва стратегияи Бонки Ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз баёни ҷузъиёти ин нуктаи сӯҳбаташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон худдорӣ варзид.

Қарор буд, дар ин гуфтугӯи намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ бо президент Раҳмон замони ташхиси нерӯгоҳи барқи обии Роғун дақиқ бишавад. Зеро ҳафтаи гузашта як намояндаи ширкати "Пойри", ки ташхиси фаннию иқтисодӣ ва зистмуҳитии тарҳи Роғунро анҷом медиҳад, гуфта буд, ки аз Бонки Ҷаҳонӣ хостаанд, то мӯҳлати кори онҳо тамдид шавад.

Теодор Аллерс дар сӯҳбат бо хабарнигорон бештар дар бораи кӯмакҳои ин ниҳоди молӣ ба Тоҷикистон таъкид кард. Вай гуфт, Бонки Ҷаҳонӣ имсол ба иқтисоди Тоҷикистон бештар аз 40 миллион доллар кӯмак хоҳад расонд. Вай афзуд, "соли гузашта мо ба сармоягузории чор тарҳ шурӯъ кардем, ки ҷамъан 38 миллион долларро ташкил медоданд. Имсол даҳ миллион бештар ҷудо хоҳем кард, ки чор тарҳи иловагиро дарбар мегиранд."

Ба қавли ҷаноби Аллерс, ин чор тарҳи иловагӣ дар тақвияти тарҳҳои қаблӣ, яъне кам кардани хароҷоти нерӯи барқ, содда кардани қайди замин барои кишоварзон ва такмили зерсохторҳои шаҳрдорӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 14 тарҳро дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, иҷтимоӣ, рушди деҳот ва энержӣ пиёда ва сармоягузорӣ мекунад. Ин ниҳоди молӣ дар ҳоли ҳозир бо 371 миллион доллар пас аз Чин дувумин сармоягузори Душанбе ба ҳисоб меравад.



Тоҷикистон аз соли 1993 ба ин сӯ узви Бонки Ҷаҳонӣ аст, ки ба яке аз ниҳодҳои сарпарасти ин кишвар табдил ёфта, ҳудуди 300 миллион доллар қарзи бебозгашт дарёфт намудааст ва ҳам ҳудуди 370 миллион доллар қарздор шудааст. Қисмати умдаи ин пулҳо барои иҷрои тарҳҳо масраф шудаанд, ки ба қавли коршиносон, таъсири назаррасе ба иқтисод надошта, балки манбаи дигари фасод шудаанд.

Аз ҷумла, бо сармоягузории ин ниҳод аз соли 1998 ба 2005 дар панҷ ноҳияи Тоҷикистон -- Зафаробод, Мастчоҳ, Румӣ, Шаҳринав ва Ёвон тарҳи хусусигардонии хоҷагиҳо пиёда шуда, сари ҳар гектари замин 300 - долларӣ харҷ шудааст. Аммо Муҳаммадраҳим, сарвари яке аз чунин хоҷагиҳо дар ноҳияи Зафаробод мегӯяд, ҳоло вазъ ҳамон гуна аст, ки дар гузашта буд ва ин хоҷагиҳо аз хоҷагиҳои дигар фарқе надоранд.

Давлатмурод Ҷумъаев (Акс аз "Миллат")

Давлатмурод Ҷумъаев (Акс аз "Миллат")

Коршиносон мегӯянд, ҷурм дар Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳое нест, ки ба Тоҷикистону мардумаш кӯмак мекунанд. Давлатмурод Ҷумъаев, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, ниҳодҳои байнулмилаливу хориҷӣ кори хубе мекунанд, ки дар Тоҷикистон соҳаҳои кишоварзиву маориф ва энержиро сармоягузорӣ мекунанд: "Аммо мушкил ин аст, ки ниҳодҳои грантгиранда ин маблағҳоро чӣ гуна харҷ мекунанд. Мо мебинем, кадом коре, ки бо сармояи хориҷӣ шурӯъ нашавад, натиҷа намедиҳад. Чаро? Барои он ки гузоришҳои натиҷавӣ аслан ба ҳақиқат рост намеоянд. Ба қавле, маблағҳо ё ба яғмо рафтаанд, ё ғайримақсаднок истифода шудаанд."

Теодор Аллерс, директори амалиёт ва стратегияи Бонки Ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳам бо ишора ба ин нукта, ки чаро сармоягузориҳо муассир нестанд, гуфт, ниҳоди ӯ бо нияти хайр сармоя ҷудо мекунад, ин ки он то куҷо натиҷаи муассир тамом мешавад, аз худи иҷрокунандагон ва соҳибватанон вобаста аст.

Коршиносон мегӯянд, ин созмонҳо пули худро назорат мекунанд, аммо бо ин низоме, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, коре карда наметавонанд ва сол ба сол қарзи кишвар меафзояду афроди алоҳида дар ин "оташ" даст гарм мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG