Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеъи Алексей Венедиктовро тангтар мекунанд


Бо тақозои “Газпром-Медиа”- саҳомдори асосии “Эхо Москви” ҳайъати мудирони ин радиои маъруфи озодандеши Русия лағв шуд. “Эхо Москви” аз ин иқдом изҳори таассуф кард. Сардабири радио Алексей Венедиктов гуфт, ӯ ҳам аз ҳайъати Шӯрои мудирон хориҷ мешавад, вале ин ба нақши сардабириаш ваё сиёсати ин расонаи интиқодгӯ таъсире нахоҳад дошт. Моҳе пеш сарвазири Русия Владимир Путин “Эхо Москви” ва Венедиктовро ба он айбдор кард, ки бо танқиди “шаборӯзӣ”-и ӯ аз манофеъи хориҷӣ ҳимоят мекунанд. 66 фоизи саҳмияҳои “Эхо Москви” дар дасти “Газпром-Медиа” – шохаи матбуотии “Газпром” аст.
XS
SM
MD
LG