Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои Лутсенко аз додгоҳ 4,5 сол пурсидаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Айбдоркунанда аз додгоҳ барои вазири собиқи умури дохилаи Украина Юрий Лутсенко 4,5 сол ҳукми зиндон ва 28 000 евро ҷарима хостааст. Лутсенко, аз раҳбарони фирқаи Наша Украина дар парлумон, ҳанӯз моҳи декабри соли 2010 бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом ва ғасби амвол боздошт шуда буд. Лутсенко ин иттиҳомотро радд мекунад. Вакили ӯ Олексий Баҳанетс ба хабарнигорон гуфт, “шакк дорад, ки муваккилашро сафед кунанд.”
XS
SM
MD
LG