Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти тадобири амниятӣ дар Исроил ва сафоратҳо


Пулиси Исроил мегӯяд, тадобири амниятиро дар саросари кишвар ва дар намояндагиҳои хориҷии ин кишвар тақвият додаанд. Ин иқдом ба дунболи талошҳои дирӯзаи бомбгузорӣ алайҳи дипломатҳои исроилӣ дар Ҳинду Гурҷистон аст, ки дар Деҳлии нав мунҷар ба захмӣ шудани ҳамсари як дипломат шуд. Сухангӯи пулис Микӣ Розенфелд гуфт, тадобири амниятӣ дар маконҳои пуриздиҳом, сафоратҳо ва дар фурудгоҳи Бен-Гурион шадидтар шудааст. Исроил Эрон ва муттаҳидаш – гурӯҳи лубнонии Ҳизбуллоҳро дар бомбгузориҳо айбдор кард. Эрон инро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG