Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эронро тобистони "тақдирсоз"-е дар пеш аст?


Николай Макаров
Николай Макаров

Макаров гуфт, қудратҳои ғарбӣ то тобистон "тасмим"-и худро дар қиболи барномаи ҳастаии Эрон хоҳанд гирифт.

Николай Макаров, раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия, гуфт, қудратҳои ғарбӣ эҳтимол то тобистони соли ҷорӣ "тасмим"-и худро дар баробари барномаҳои ҳастаии Эрон хоҳанд гирифт.

Ҷаноби Макаров дар бораи барномаи баҳсбарангези ҳастаии ҷумҳурии исломӣ ва шеваи бархӯрд бо он ҳамчунин гуфт: "Ирон, албатта, ба унвони як нуқтаи захм аст. Бояд ба зудӣ тасмиме қар қиболи он гирифта шавад."

Ӯ дар мавриди тасмими қудратҳои ғарбӣ дар баробари барномаи ҳастаии Эрон афзуд, "чунин тасмиме эҳтимол наздик ба тобистон гирифта шавад." Генерал Макаров дар ин маврид ҷузъиёти бештаре ироа надод ва мушаххас нест, ки оё суханони ӯ ишора ба ҳамлаи низомии эҳтимолӣ ба таъсисоти Эрон аст, ё афзудани таҳримҳо бар зидди ин кишвар.

Вазорати дифои Русия ба тозагӣ барои назорати доимии вазъ дар Эрон ва кишварҳои Ховари Миёна як маркази бӯҳрон ва назорат таъсис додааст. Русия то кунун аз чаҳор давр аз таҳримҳое, ки аз сӯи Созмони Милал бар зидди Эрон ыорь шуд, пуштибонӣ кардааст. Аммо Маскав ҳамвора бо ҷиддият дар мавриди ҳамлаи низомӣ бар зидди Эрон ҳушдор додааст. .

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, моҳи гузашта қудратҳои ғарбиро муттаҳам кард, ки ҳадафи онҳо аз таҳримҳои нав дар муқобили ҷумҳурии исломӣ "хафа кардан"-и иқтисоди Эрон барои эҷоди норозигии умумӣ дар дохили ин кишвар аст. Вай гуфта буд, "ин таҳримҳо метавонад ба мардум зарба бизанад."

Ин дар ҳолест, ки мақомҳои мухталифи Исроил борҳо баҳси ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Эронро дар сурати шикасти таҳримҳо бар зидди Теҳрон ба миён кашидаанд. Вале Эрон низомӣ будани барномаи ҳастаии худро такзиб ва дар муқобили таҳдиди ҳамла ба таъсисоташ таҳдид ба ҳамлаҳои мутақобил мекунад.

Оятуллоҳ Хоманеӣ, раҳбари ҷумҳурии исломӣ низ ахиран бо ишора ба таҳдиди Амрикову Исроил гуфт, ки "ҷангу ҳамла ба Эрон даҳ баробар ба зарари Иёлоти Муттаҳида аст."
XS
SM
MD
LG