Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси буҳрони евро дар музокироти Чину ИА


Ромпуй, Ҷибао ва Баррозо

Ромпуй, Ҷибао ва Баррозо

Мавзӯъи аслии матрӯҳа дар музокироти раҳбарони Чину ИА буҳрони қарзҳои Аврупо хоҳад шуд. Президенти ИА Ҳерман Ван Ромпуй гуфт, тақдири иқтисодии Чину Аврупо “ба ҳам баста аст.” Музокироти Ромпуй ва раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Баррозо бо сарвазири Чин Вен Ҷибао дар ҳоле оғоз ёфт, ки ожонси рутбасанҷи “Moody's” дирӯз эътибори қарзии 6 кишвари Аврупоро пойин оварда, дурнамои Фаронсаву Бритониё ва Австрияро “манфӣ” арзёбӣ кард. Чин, ки соҳиби бузургтарин захираи асъори хориҷии дунёст, то ҳол тааҳҳуди рӯшан надодааст, ки оё ба сандуқи наҷоти кишварҳои қарззадаи Аврупо кумак хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG