Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон, Қатар, Кувайт... Рақибони дастаи Тоҷикистон


Имрӯз, 14-уми феврал, дар қароргоҳи Конфедератсиюни футболи Осиё дар Куала-Лумпур қуръакашии марҳилаи интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-22) баргузор шуд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Баҳрайн, Эрон, Қатар, Кувайт ва Ҷазоири Молдив рақобат хоҳад кард.

Натиҷаҳои қуръакашӣ:

Гурӯҳи А: АМА, Ироқ, Умон, Ҳиндустон, Туркманистон, Лубнон.

Гурӯҳи В: Арабистони Саудӣ, Сурия, Покистон, Фаластин, Қирғизистон, Шри-Ланка.

Гурӯҳи С: Баҳрайн, Эрон, Тоҷикистон, Қатар, Кувайт, Молдив.

Гурӯҳи D: Узбакистон, Урдун, Яман, Бангладеш, Непал.

Гурӯҳи Е: Австралия, Ҷопон, Индонезия, Сингапур, Макао, Тимори Шарқӣ.

Гурӯҳи F: Кореяи Шимолӣ, Чин, Тайланд, Ҳонконг, Лаос, Камбоҷа.

Гурӯҳи G: Кореяи Ҷанубӣ, Вйетнам, Малайзия, Мянмар, Тайван, Филиппин.


Сабқати интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22 сола, аз 23-юми июн то 3-юми июли соли равон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG