Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоми ФФТ: мусобиқаи минтақавӣ дар Душанбе ва Хатлон


Имрӯз, 14-уми феврал, дар варзишгоҳи “Автомобилист” даври дувуми Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе баргузор мешавад.

Дар ин минтақа ҳафт даста (шаш дастаи лигаи олӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ССКА “Помир”-и Душанбе, “Энергетик”-и Душанбе, “Хайр”-и Ваҳдат, “Шодмон”-и Ҳисор, “Гвардия”-и Душанбе ва як тими лигаи якум - “Локомотив”-и Душанбе) ширкат доранд.

Натоиҷи бозиҳои даври аввал чунин аст:

«Шодмон» (Ҳисор) - «Гвардия» (Душанбе) - 1:1

Голҳо: Озар Ғафуров, 52 (0:1). Сӯҳроб Шарифов, 60 (1:1).

ССКА «Помир» (Душанбе) - «Энергетик» (Душанбе) - 1:2

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 31 аз пеналти (0:1). Шодибек Ғаффоров, 64 аз пеналти (0:2). Орзу Додхудоев, 90+1 (1:2).

«Локомотив» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 0:3

Голҳо: Аскар Равшанов, 26 (0:1). Расул Файзов, 71 (0:2). Сӯҳроб Эгамбердиев , 76 (0:3).

Даври 2-юм
14-уми феврал (сешанбе)

10.00. ССКА «Помир» - «Хайр» (Ваҳдат) - 2:4
12.00. «Локомотив» - «Гвардия» - 0:1
14.00. «Регар-ТадАЗ» - «Энергетик» - 3:1

Рӯзи 14-уми феврал мусобиқаи Ҷоми ФФТ дар минтақаи Хатлон низ оғоз ёфт. Бозиҳо дар ноҳияи Румӣ ва шаҳри Кӯлоб бо ширкати 12 даста дар ду гурӯҳ баргузор шуданд.

Гурӯҳи «А»
«Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Пахтакор» (Қабодиён), «Румӣ» (Румӣ), «Вахши зарнисор» (Вахш), «Саройкамар» (Панҷ), «Қумсангир» (Қумсангир).

Гурӯҳи «Б»
«Равшан» (Кӯлоб), «Ҳосилот» (Фархор), «Ҳулбук» (Восеъ), «Данғара» (Данғара), «Ҳамадонӣ» (Ҳамадонӣ), «Шӯрообод» (Шӯрообод).

Тақвими бозиҳо:

Гурӯҳи «А». Варзишгоҳи ноҳияи Румӣ
11.00 «Вахш» - «Қумсангир» - 4:1
13.00. «Пахтакор» - «Саройкамар» - 0:0
15.00. «Румӣ» - «Вахши зарнисор» - 2:0

Гурӯҳи «Б». Варзишгоҳи марказии Кӯлоб
11.00. «Равшан» - «Ҳулбук» - 3:0 (техникӣ)
13.00. «Ҳосилот» - «Данғара» - 3:0 (техникӣ)
15.00. «Ҳамадонӣ» - «Шӯрообод» - 0:2

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG