Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Дар Сурия "ҷиноят алайҳи башарият" сурат гирифтааст


Навӣ Пиллай, раҳбари идораи ҳуқуқи башари СММ
Навӣ Пиллай, раҳбари идораи ҳуқуқи башари СММ

Навӣ Пиллай, раҳбари Идораи ҳуқуқи башари СММ мақомоти Сурияро дар ҷиноёт алайҳи башарият айбдор намуд.

Дар суханронии худ дар Маҷмааи куллии СММ ӯ изҳор намуд, ки ҳукуматдорони Сурия бояд барои ҷиноёти содиркарда ҷазо бигиранд. Хонум Пиллай афзуд, ки ӯ далелҳо дар бораи ҳамлаи норӯшани нерӯҳои амниятии Сурия ба маҳаллаҳои шаҳри Ҳумс ва тирборони қисматҳои сераҳолии ин шаҳрро зери даст дорад.

Ҳумс аз такягоҳҳои асосии мухолифини режими Башор Асад маҳсуб мешавад – мардуми ин шаҳр мехоҳанд ба раёсати тӯлонии аққалиятҳои шиаи алавӣ, ки раисиҷумҳур мансуб ба он аст, хотима гузоранд. Мухолифат бо алавиҳо миёни ҷомеъаи суннимазҳабони Сурия баъди он авҷ гирифт, ки 30 сол пеш бо амри Ҳафиз Асад, падари Башор Асад, дар Ҳумс тақрибан 40 ҳазор сунниҳо кушта шуданд.

Навӣ Пиллай дар суханронии худ таъкид кард, ки “ҳукумати Димишқ бо саркӯбсозии бераҳмона кишварро дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор додаст”. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки Русияву Чин ба қатъномаи ахири Шӯрои амнияти СММ вето гузошта ба ин васила аз кушта шудани мардуми бегуноҳи Ҳумс аз сӯи нерӯҳои Сурия истиқбол кардаанд.

Намояндаи Сурия дар СММ Башор Ҷаъфарӣ изҳороти хонум Пиллайро рад намуд ва гуфт, ки ӯ дар баробари ҳукумати Сурия аз мавқеъи бепринсипона кор гирифтааст.

Як рӯз пеш Лигаи кишварҳои араб пешниҳод намуд, ки ба хотири хатми хушунат дар Сурия, нерӯҳои муштараки Лигаи араб ва СММ таъсис ва ба Сурия фиристода шаванд. Димишқ ин пешниҳодро рад кард. Ин мавзӯъ ахиран дар меҳвари музокироти вазири умури хориҷии Русия Сергей
Лавров бо ҳамтояш аз Аморати Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло бини Зайд ал-Наҳён дар Маскав қарор гирифт.

Сергей Лавров гуфт, ки қабл аз вуруди нерӯҳои хориҷӣ ба Сурия, бояд дар ин кишвар каму беш мусолиҳа ҳосил шавад. Ӯ афзуд, “мо ин ибтикорро меомӯзем ва умедворем, ки дӯстони мо аз Лигаи кишварҳои араб бархе аз бандҳои онро бароямон тавзеҳ мекунанд.”

Русия аз фурӯши силоҳ ба Сурия фоидаи бузург ба даст меоварад ва аз соли 2006 ба ин сӯ бузургтарин содиркунандаи силоҳ барои нерӯҳои ҳукумати Сурия аст.
XS
SM
MD
LG