Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пиллай: Димишқ дар ҷиноёт алайҳи башарият даст дорад


Раҳбари Идораи ҳуқуқи башари СММ Навӣ Пиллай дар як суханронӣ дар Маҷмааи куллии Созмони Милал мақомоти Сурияро дар ҷиноёт алайҳи башарият айбдор намуд ва гуфт, ки бояд ҳукуматдорони режим ба додгоҳ кашида шаванд.

Ӯ афзуд, ки далелҳо дар бораи ҳамлаи номафҳуми нерӯҳои амниятии Сурия ба маҳаллаҳои Ҳумс ва тирборони қисматҳои пураҳолии ин шаҳрро зери даст дорад.

Намояндаи Сурия дар СММ Башор Ҷаъфарӣ изҳороти Пиллайро рад намуд ва гуфт, ки ӯ дар баробари ҳукумати Сурия аз мавқеъи бепринсипона кор гирифтааст.

Як рӯз пеш Лигаи кишварҳои араб пешниҳод намуд, ки ба хотири хатми хушунат дар Сурия нерӯҳои муштараки Лига ва СММ таъсис ва ба Сурия фиристода шаванд. Димишқ ин пешниҳодро рад кард.
XS
SM
MD
LG