Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коргарон варзишгоҳи нимасохтаро тарк карданд


Коргароне, ки дар бунёди майдони футбол дар шаҳри Форталезаи Бразилия ширкат доранд, коршиканӣ эълон карданд. Бархе бозиҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2014 бояд дар ҳамин варзишгоҳ баргузор шаванд.

Ба иттилои масъулини иттифоқҳои касаба, 500 коргар алайҳи сари вақт пардохт нашудани моҳона корро қатъ кардаанд. Айни ҳол раҳбарони ширкати масъули бунёди варзишгоҳ бо эътирозгарон музокирот мекунанд.

Аз ин пеш коргарон дар чаҳор шаҳри дигари Бразилия, аз ҷумла, дар Рио-де-Жанейро, ки дар варзишгоҳи маъруфи он Марокана бояд бозии ниҳоии Ҷоми футболи ҷаҳон баргузор шавад, низ даст ба коршиканӣ зада буданд.
XS
SM
MD
LG