Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 17 кас дар даргириҳои байни қабилаҳои Либия


Тайи ду рӯзи ахир бар асари даргириҳо миёни қабилаҳои ал-зуайя ва табу дар шаҳри Куфраи Либия дасти кам 17 нафар кушта ва 22 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Намояндаи Шӯрои миллии гузори Либия Муҳаммад ал-Ҳаризӣ дар сӯҳбат бо Франс-Пресс гуфт, ки айни ҳол ҷонибҳо дар ҷустуҷӯи роҳи мусолиҳаанд.

Даргириҳо баъди он шурӯъ шуданд, ки се рӯз пеш дар шаҳри Куфра як узви қабилаи ал-зуайя аз дасти се марди сиёҳпӯст, ки гуфта мешавад мансуб ба қабилаи табуянд, ба ҳалокат расид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG