Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи резиши барф дар дашту кӯҳсори Тоҷикистон


Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрӣ шуда, баъд аз зӯҳр ва шом барф меборад, аз 2 то 7 дараҷа сард мешавад.

Ҳавои Хуҷанд нимиабрист, рӯзона борон ва қарибиҳои шом барф меборад, ҳарорат то 3 дараҷа поин меравад. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳаво нимабрист, шом ҳаво соф мешавад, то 2 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Хоруғ барф меборад, аз 4 то 7 дараҷа сард мешавад.

Резиши барф дар аксар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ имрӯз ҳам идома хоҳад ёфт. Ҳарорат аз 2 то 5 дараҷа, дар Тавилдара то 14 дараҷа сард хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG