Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон иттиҳоми ташкили сӯиқасд ба ҷони дипломатҳои исроилӣ дар Деҳлӣ ва Тифлисро рад кард. Меҳдӣ Набизода, сафири Эрон дар Деҳлӣ, ин иттиҳомро дурӯғи маҳз номид.

Аз ин пеш нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу изҳор намуд, ки пушти инфиҷори мошини сафорати Исроил дар Деҳлӣ ва талоши ҳамин гуна ҳамлаи террористӣ дар Тифлис мақомоти Эрон истодаанд.

Бар пояи хабарҳои ахир, дар инфиҷор дар пойтахти Ҳиндустон 4 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар Тифлис кормандони полис маводи таркандаро дар мошини сафорати Исроил сари вақт ошкор карданд.
XS
SM
MD
LG