Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгар Расул Мирзоев дар Маскав бо васиқа раҳо шуд


Расул Мирзоев
Расул Мирзоев
Дар Маскав додгоҳи Замосковорецкий бо 100 ҳазор рубл васиқа Расул Мирзоев-қаҳрамони ҷаҳон дар навъи якҳарбаҳои омехтаро аз ҳабс раҳо кард. Вай барои он муттаҳам мешуд, ки баъд аз зарбаи вай Иван Афғонови 19 сола шаҳрванди Русия ба ҳалокат расид. Бино ба хабарҳо, додситонӣ хостааст, ки ҳабси вай се моҳи дигар тамдид шавад. Бо вуҷуди ин Алексей Смирнов-вакили мудофеъ гуфтааст, ки мумкин аст Расул шартан муҷозот шавад. Соли гузашта Расул дар яке аз клубҳои шабона ҳангоми моҷаро Афғоновро як мушт задааст ва вай баъд аз чанд рӯз аз ин зарба дар бемористон ҷон додааст.
XS
SM
MD
LG