Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми Юсуф Ризо Гелониро расман эълон карданд


Юсуф Ризо Гелонӣ
Юсуф Ризо Гелонӣ
Додгоҳи Олии Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ -нахуствазири ин кишварро барои беэътиноӣ ба таври расмӣ гунаҳгор эълон кардааст. Гелонӣ барои сарпӯш гузоштан ба парвандаҳои пешини ришвахории Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон муттаҳам дониста мешавад.

Нахуствазир Юсуф Ризо Гелонӣ ин иттиҳомоти эълоншударо қабул надорад ва мегӯяд, ки иттиҳомот ангезаи сиёсӣ дорад. Ба гуфтаи Гелонӣ, Осиф Алӣ Зардорӣ дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз ҳақи масъуният бархӯрдор аст. Агар иттиҳоми Гелонӣ собит шавад, вай аз мақоми нахуствазирӣ меравад ва ба вай 6 моҳи зиндон таҳдид мекунад.

Парвандаи ришвахории Осиф Алӣ Зардорӣ ба солҳои 1990 бармегардад, ба солҳое, ки хонуми вай Беназир Бҳутто нахуствазири Покистон буд. Бар зидди нахуствазири кунунӣ Гелонӣ парванда дар ҳоле боз шудааст, ки 2 март интихоботи Маҷлис ё Сенати Покистон баргузор мешавад ва ҳизби ҳокими Мардумии Покистон ба раҳбарии Гелонӣ ва Зардорӣ мехоҳад дар он пирӯз шавад. Қамар Замон Кайра-яке аз раҳҳбарони ин ҳизб ҳукми додгоҳро интиқод кард ва гуфт:


“Нахуствазир нахуствазир аст, худо хоҳад вай дар ин мақом боқӣ мемонад. Вале имрӯз мо бо дили гирифта дар ин ҷо истодаем. Вазъи мо мо нигаронкунанда аст. Бори аввал нахуствазири Покистон муттаҳам мешавад”.

Соли 2007 қонуне зери назари нахуствазири вақт Парвиз Мушарраф ба тасвиб расид. Бар асоси ин қонун Зардорӣ ва ҳазорон нафари дигар аз сисёсатмадорону мақомоти расмӣ аз муҷозот барои ришвахорӣ дар канор монданд. Вале соли 2009 Додгоҳи Олӣ ин қонунро ботил эълон кард. Акнун Додгоҳи Олӣ дастур додааст, ки то 16 феврал расидагӣ ба иттиҳомоти зидди Гелонӣ ба поён расад.
XS
SM
MD
LG