Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойтахти Юнон баъд аз нооромиҳо поккорӣ мешавад


Саҳнае аз нооромиҳои ахир дар Афина
Саҳнае аз нооромиҳои ахир дар Афина
Сокинони Афина-пойтахти Юнон баъд аз як рӯзи тазоҳуроти хушунатомез ва оташзаниҳо пойтахтро поккорӣ мекунанд. Ин тазоҳурот ба нишонаи эътироз бар зидди тадбирҳои нави сарфаҷӯёна аз будҷа анҷом гирифта буд, то амнияти кӯмакҳои молии байналмиллалӣ таъмин шавад ва кишварро аз муфлисӣ нигоҳ дорад. Гиогрос Каминис-шаҳрдори Афина гуфт, пойтахт зарари ҷиддӣ бардоштааст, зеро тазоҳуркунандагон биноҳои таърихиро низ ба оташ кашидаанд ва мағозаҳоро тороҷ кардаанд. Дар ин нооромиҳо бештар аз 100 нафар ҷароҳат бардоштаанд ва бештари онҳо кормандони пулис мебошанд.
XS
SM
MD
LG