Пайвандҳои дастрасӣ

Қотилонро дар Суғд ба зиндон фиристоданд


Се сокини вилояти Суғд барои муддати тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуданд. Онҳоро барои куштори корманди маркази сӯхтгирӣ ё заправка муттаҳам медонанд. Ин се нафар сокинони ноҳияи Масчоҳ будаанд. Гулбаҳор Давлатоваи 32 сола фармоишгари ин куштор шинохта шудааст ва барои 24 сол ҳукми зиндон гирифтааст. Рустам Солиеви 22 сола 28 сол ва Рашид Абдураҳмонови 22 сола 27 сол маҳкум ба зиндон шудаанд. Дороии ин афрод ба нафъи давлат мусодира мешавад. Онҳо бо чанд зарби корд Мирзошариф Умаровро ба қатл расондаанд. Дар ин бора "Азия Плюс" хабар додааст.
XS
SM
MD
LG