Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии гуштии самбо ба хотираи ҷанговари интернатсионалист Виталий Гордеев дар шаҳри Бишкек чаҳор медал ба даст оварданд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, дар ин мусобиқаи анъанавӣ беш аз 200 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доштанд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ Абдуваҳҳоб Сатторов дар вазни то 82 кг мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд.

Нусратуллоҳ Имомов дар вазни то 74 кг ва Фурқат Назриев дар вазни то 90 кг ҷойҳои дувумро ишғол карданд ва бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.

Комрон Карликов дар вазни то 74 кг барои ҷойи севум медали биринҷӣ гирифт.

Ба иттилои Маҳмуди Абдуллоҳ, паҳлавонони тоҷик аз 21-ум то 23-юми феврал дар шаҳри Минск дар мусобиқаи байналмилалии самбо барои ҷоизаҳои раисиҷумҳури Беларус ширкат хоҳанд кард.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро Акмалиддин Каримов (52 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Сайфиддин Раҷабов (74 кг) ва дигарон намояндагӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG