Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи Ҷаҳонии Радио фархунда бод!


Юнеско дар рӯзи иди радио аз нақши он дар интишори маърифат, озодии баён ва табодули назар ситоиш кард.

Бунгоҳи омӯзиш, илм ва фарҳанги Созмони Милал мегӯяд, “бо он ки ҷаҳон ин гуна босуръат тағйир меёбад, мо бояд тавонмандиҳои асосии радиоро барои пайванд додани мардум ва ҷомеаҳо, табодули дониш ва маълумот ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ арҷ гузорем.”

Дар изҳороти Юнеско ба муносибати аввалин бор таҷлил шудани Рӯзи Ҷаҳонии Радио гуфта мешавад, радио расонаест, ки ба 95 дарсади аҳолии ҷаҳон ва махсусан ба ҷомеаҳои дурдасту ҳошиягӣ ба нархи арзон дастрас аст. “Исбот шудааст, ки радио бо фарогирифт ва платформаҳои нашраш як расонаи қавиест, ки бо корбасти технологияҳои нав рушд меёбад.”

Мудири кулли Бунгоҳи омӯзиш, илм ва фарҳанги Созмони Милал, Ирина Бокова, дар паёмаш ба муносибати Рӯзи Ҷаҳонии Радио гуфт: “Радио расонаи оммавиест, ки барои густардатарин мухотабон, махсусан дар бахшҳои канорафтодаи ҷомеаи мо дастрас аст. Радиои озод, мустақил ва чандандеш барои ҷомеаҳои солим ҳалкунанда буда, барои пешбурди ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ ҳаётан муҳим аст.”

Иттиҳоди Нашаротии Арупо ба муносибати Рӯзи Ҷаҳонии Радио оғози “Ҳафтаи Радио”-ро эълон кард. Раиси он Ингрид Делтенр гуфт, ин ташаббус ҳарсола хоҳад буд ва “бо роҳи ба ҳам овардани дурахшонтарин ситораҳои радио, барномасозони компютерӣ, муҳандисон, хидматрасонҳо, мудирони шабакаҳо ва тавлидгарони саноатӣ абзори беҳтари фаннӣ ва роҳҳои рушдро муайян хоҳанд кард.”

Ҷашни Рӯзи Ҷаҳонии Радио дар 13-уми феврал ҳамчунин ёдбуде аз рӯзи таъсиси Радиои Созмони Милал дар соли 1946 мебошад.

Радиои Озодӣ Рӯзи Ҷаҳонии Радиоро ба ҳамаи ҳамкорону ҳампешагон ва шунавандагони худ дар саросари ҷаҳон табрик мегӯяд. Радиои Шумо ҳамеша пур аз садо бод!
XS
SM
MD
LG