Пайвандҳои дастрасӣ

Манделла дар маросими дафни Ҳюстон ширкат мекунад


Нелсон Мандела

Нелсон Мандела

Нелсон Манделла-раиси ҷумҳури пешини Африқои Ҷанубӣ ва барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел дар маросими дафни Уитнӣ Ҳюстон-овозхони маъруфи Амрико ширкат хоҳад кард. Ҳюстон дар синни 48-солагӣ дар Лос Анҷелес даргузашт. Манделла дар изҳороти худ навиштааст, соли 1994 вақте, ки Билл Клинтон-раиси ҷумҳури пешини Амрико дар Кохи Сафед ба ифтихори вай маҷлиси зиёфат ороста буд, Ҳюстон дар он овозхонӣ карда буд. Шоми якшанбе низ дар маросими тақдими ҷоизаҳои мусиқии Грэммӣ дар Лос Анҷелес хотираи Уитнӣ Ҳюстон гиромӣ дошта шуд. То ҳол сабабҳои даргузашти хонум Ҳюстон эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG