Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибон даргузашти муовини Мулло Умарро эълон карданд


Толибони Афғонистон мегӯянд, Убайдуллоҳ Охунд-вазири дифои пешини онҳо тақрибан ду соли пеш дар зиндоне дар Покистон даргузаштааст. Вай яке аз муовинони баландпояи Мулло Муҳаммад Умар-раҳбари Толибон буд. Убайдуллоҳ Охунд соли 2007 дар аёлати Балуҷистони Покистон дар назидикии марз бо Афғонистон боздошт шуда буд. Баъд аз суқути режими Толибон дар Кобул дар соли 2001 Убайдуллоҳ Охунд болотарин мақоми Толибон буд, ки боздошт шуд. Зубайдуллоҳ Муҷоҳид-сухангӯи Толибон гуфт, ки Охунд 5 марти соли 2010 даргузаштааст ва хешовандони вай акнун хабари даргузашташро таъйид кардаанд.
XS
SM
MD
LG