Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аркадаг аз 97% бештар овоз гирифт


Дар интихоботи Туркманистон раисҷумҳури феълии ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 97 дарсад раъй гирифт.

Пирӯзии “чашмгир”-и Бердимуҳаммадов дар натиҷаи “рақобати сахт”-и интихоботӣ бо ҳафт номзаде ба даст оварда шуд, ки мардум ҳеҷ кадоме аз онҳоро намешинохтанд. Биноан, натиҷаи раъйдиҳӣ барои касе ҳайратовар ба назар намерасад. Дар кишвари автократии Туркманистон интихобот як маъракаи рамзӣ ё танҳо зоҳирпарастиест, ки бояд ҳокимияти раҳбари феълиро ҷомаи қонунӣ пӯшонад. Зимнан чунин вазъ ва сабки кор дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ ба назар мерасад.

Мақомоти Туркманистон мегӯянд, ки интихоботи рӯзи якшанберо 60 нозири дохиливу хориҷӣ зери назар доштанд. Вале нозирони расмӣ аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мушоҳидаи ин раъйдиҳӣ ширкат накардаанд. Нозирон аз Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ мегӯянд, шикояте дар бораи қонуншиканиҳо дастрас накардаанд. То кунун дар Туркманистони саршор аз захираҳои маводи сӯхт, ки 5 миллион нафар аҳолӣ дорад, интихоботи озоду одилонаи мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ доир нашудааст.

Зоҳиран, ширкати ҳашт номзад дар интихоботи президентии Туркманистон ба натиҷаи он таъсире накардааст. Пайомади рӯшани бозии демкоратӣ дар Туркманистон аз шаклгирии маърака маълум буд ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо тасмим гирифт, нозирони худро ба мушоҳидаи он нафиристад. Ба ақидаи коршиносон, Бердимуҳаммадов талош кард, бо истифода аз ин интихобот имиҷи худ ва ҳукуматашро дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ каме тағйир диҳад. Ин буд, ки аввал ба мухолифони сиёсӣ дар берун аз кишвар номаҳо фиристода шуд, ки ба Туркманистон оянд ва дар сабқат ширкат варзанд. Вале ба зудӣ, пеши роҳи ин раванд гирифта шуд.

Ба хотири беалтернатив намондани интихобот чанде аз мансабдорони давлатӣ, на бе ризоият ё шояд хости мақомот, ба ҳайси номзад сабт шуданд ва дар марҳилаи таблиғотӣ ширкат карданд.

Ду нафар аз довталабони курсии президентии Туркманистон-Ёрмуҳаммад Оразгулиев ва Аннагелдӣ Ёзмуродов вазири ҳукумат буданд. Раҷаб Бозоров муовини волии вилояти Дашовуз аст. Чаҳор довталаби дигари раёсатҷумҳурӣ: Қақагелдӣ Абдуллоев, Қурбонмамад Муллониёзов, Сапармурод Ботиров ва Есендурдӣ Ғоибов раҳбарии ширкатҳои давлатиро бар ӯҳда доранд. Гуфта мешавад, ҳамаи онҳо, бо вуҷуди ин номзадӣ тарафдори пирӯзии Бердимуҳаммадов будаанд. Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, Олтин Магаюна мегӯяд: “Ҳафт номзади боқимонда, ба ғайри аз президент Бердимуҳаммадов аз корҳои Туркманистон ситоиш мекарданд ва мегуфтанд, бо ҳамин роҳ корро идома хоҳанд дод.”

Пирӯзии Бердимуҳаммадов дар интихобот
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:06 0:00
Линки мустақим


Соли 2007-ум вақте Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бори аввал президент интихоб шуд, баъзе иқдомҳо барои раҳоии ин кишвар аз инзивоъро пиёда намуда, як идда фармонҳои баҳсбарангези раҳбари собиқи Туркманистон Сафармурод Ниёзовро бекор кард. Дар деҳот шифохонаҳо барқарор шуданду, кишвар соҳиби интернет гашт, вале бо мурури замон Бермуҳаммадов низ низ сиёсати худкома ва худпарастиро оғоз намуд. Дар як маросими низомии соли 2010-ум, ба Бердимуҳаммадов унвони “Аркадаг”, яъне “Муҳофиз” тақдим шуд.

Раисҷумҳури Туркманистон ё созандагони симои сиёсии ӯ аз замони сари ҳокимият омадани Бердимуҳаммадов бо суоли мушкиле рӯбарӯянд, ки чӣ гуна ӯро аз мероси раҳбари пешин Сафармурод Туркманбошӣ ҷудо ва имиҷи кишварро иваз кунанд. Талоши пок кардани пасмондаҳои кеши шахсият ва ислоҳи бисёре аз ташаббусҳои Туркманбошӣ аз ҳамин қабиланд. Аммо ҳамзамон роҳ кушодан ба демократияи ҳақиқӣ барои онҳо ҳаросангез боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG