Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори марзбони қирғиз дар посгоҳи марзӣ бо Тоҷикистон


Дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳангоми иҷрои вазифа як афсари марзбони Қирғизистон ҳадафи тир қарор гирифт. Дар посгоҳи марзии “Самарқандак” марзбонон мошини «Хундай-Портер»-ро, ки ба Тоҷикистон ангишт мебурд, барои тафтиши ҳуҷҷатҳо нигоҳ доштаанд. Ронандаи мошин шаҳрванди Тоҷикистон мошинро нигоҳ доштааст. Баҳси миёни ронандаву мусофири паҳлӯяш, ки шаҳрванди Қирғизистон будааст, бо марзбонон шиддат мегирад. Мусофири паҳлӯи ронанда силоҳро бо зӯр аз дасти лейтенант Канат Дуйшеналиев-муовини фармондеҳи қисми марзбонии "Самарқандак" гирифта, вайро ба қатл расондааст. Ронанда ва ҳамроҳаш боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG