Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари Ҳюстон ба бемористон интиқол ёфт


Дар Лос-Анҷелес Боббӣ Кристина, духтари 18-солаи овозхони маъруфи ахиран даргузашта Уитнӣ Ҳюстон, ба бемористон интиқол дода шуд. Ба гуфтаи табибон, Боббӣ Кристина баъд аз марги модараш ба афсурдагии шадид мувоҷеҳ шудааст.

Уитнӣ Ҳюстон дар синни 48-солагӣ дар Лос-Анҷелес ба дунё падруд гуфт. Иллати марги ӯ, ки зӯҳри шанбе дар ҳуҷрааш дар меҳмонсарои “Beverly Hilton” иттифоқ уфтод, то ҳол рӯшан нест.

Овозхони маъруф, ки барандаи ҷоизаи Грэммӣ буд, дар арафаи маросими супурдани ҷоизаҳои навбатӣ аз олам даргузашт. Созмондиҳандагони Грэммӣ гуфтанд, ки як бахши маросим ба Уитнӣ Ҳюстон бахшида хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG