Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷмааи кулли СММ вазъи Сурияро баррасӣ мекунад


Манзараи имрӯзаи яке аз шаҳракҳои Ҳумс

Манзараи имрӯзаи яке аз шаҳракҳои Ҳумс

Имрӯз Маҷмааи куллии Созмони Милали Муттаҳид авзоъ дар Сурияро баррасӣ мекунад.

Дар арафаи ин нишаст Димишқ қатъномаи Лигаи кишварҳои арабро, ки дар он аз СММ дархости ташкили нерӯҳои муштараки посдори сулҳ ба хотири хатми хушунат дар Сурия шудааст, қатъӣ рад кард. Дар ин қатънома, ки дар нишасти вазирони умури хориҷии Лигаи кишварҳои араб дар Қоҳира пазируфта шуд, ҳамчунин даъват шудааст, ки бо мухолифини Сурия робита барқарор гардад ва аз онҳо ҳимоят шавад.

Лигаи кишварҳои араб ҳамчунин ҳайати нозирони худро дар Сурия пароканда кард.

Ба иттилои СММ, бар асари саркӯбсозии намоишҳо бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад тақрибан 6 ҳазор суриягиҳо кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG