Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон Бокуро дар куштори Аҳмадиравшан айбдор мекунад


Мустафо Аҳмадиравшан
Мустафо Аҳмадиравшан
Мақомоти Эрон Озарбойҷони ҳамсояро дар ҳамдастӣ дар куштори донишманди бахши ҳастаӣ Мустафо Аҳмадиравшан айбдор карданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, рӯзи якшанбе сафири Озарбойҷон дар Теҳрон Ҷавоншер Охундов ба вазорати умури хориҷии Эрон даъват шуд. Теҳрон изҳор намуд, ки Боку ба хадамоти кашфи Исроил дар ташкили куштори олими эронӣ кӯмак кардааст.

Мустафо Аҳмадиравшан 11 январи соли равон бар асари таркиши бомб дар мошинаш ба ҳалокат расида буд.
XS
SM
MD
LG