Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз номи раҳбари нави Туркманистон эълон мешавад


Дар Туркманистон ҳисобу китоби раъйҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи якшанбе идома дорад.

Қарор аст, ки Комиссиюни марказии интихоботии кишвар рӯзи душанбе натоиҷи муқаддамотии овоздиҳиро эълон кунад. Ба иттилои ин комиссиюн рӯзи 12 феврал 96 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пойи қуттиҳои овоздиҳӣ омаданд.

Дар интихоботи президентӣ ҳашт номзад, аз ҷумла, раҳбари феълии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ширкат доштанд. Интихоботро ду ҳазор нозирони маҳаллӣ ва 60 нозирон аз кишварҳои Ҷомеъаи ҳамсуд назорат мекарданд. САҲА аз фиристодани нозиронаш ба ин маърака худдорӣ намуд.

Раисиҷумҳури Туркманистон, тибқи Қонуни асосӣ, барои панҷ сол интихоб мешавад.
XS
SM
MD
LG