Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Косово наҷотбахшон аз зери харобаҳои манзиле, ки бар асари тарма фурӯ рехтааст, як духтарчаи панҷсоларо берун кашиданд.

Духтарча ҳоло дар бемористони шаҳри Призрен таҳти назари табибон аст ва ба ҳаёти ӯ хатаре таҳдид намекунад. Ҷустуҷӯе се нафаре, ки баъди тарма беному нишон шудаанд, идома дорад.

Дар натиҷаи ин офати табиӣ дар як деҳаи ҷануби Косово дасти кам ҳафт нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG