Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машварати оятуллоҳ Хоманеӣ ба ҲАМОС


Раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманей ба гурӯҳи фаластинии ҲАМОС таъкид кард, ки дар муносибат бо Исроил ба ягон хел созиш розӣ нашавад.

Ӯ имрӯз дар Теҳрон бо яке аз раҳбарони ҲАМОС, раиси ҳукумати Ғазза Исмоил Ҳания гуфтушунид кард. Хоманей гуфт, ки ҲАМОС набояд афроди созишкорро дар сафаш бипазирад, зеро онҳо созмонро заъиф мекунанд.

Изҳороти Хоманей – вокуниш ба он хабарҳоест, ки гӯё миёни раҳбарони ҲАМОС дар мавриди бознигарии стратегияи ҷунбиш ихтилофи назар пайдо шудааст.
XS
SM
MD
LG